БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД НАМУД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “КАТС” бо мақсади фаҳмонидани ҳадафу маром ва муҳтавои асосии Паёми навбатӣ вохӯрӣ доир карданд.

Масъулин аз таъкиди Роҳбари давлат “Ҳарчанд, ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад” ёдрас шуднд. Масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳар чи зудтари вазъ бояд чораҳо андешанд, иброз дошт намояндаи ҳизб.

Инчунин, дар идома қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон, кормандони масъули ҳизби ноҳия, оид  ба баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg