ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” –и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ, номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрӣ доир карда шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар суханронии хеш қайд карданд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд. Ҳизби мазкур таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш тавонист дар аввалин муборизаҳо ва фаъолияти сиёсии худ барномаи густурдаи раҳоӣ аз буҳронро пешниҳод намояд.