БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛАЛ ОҒОЗ МЕШАВАД!

 ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «ҲХДТ муттаҳид месозад!» бо иштироки фаъолонаи аъзову ҷонибдорони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бо маром идома доранд.

Дар аксияҳои ҳизбӣ аъзои ташкилотҳои ибтидоии деҳаи “Маҳрами Ҳотам” ва деҳаи “Бадахшон” барои тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар, нарму тоза намудани бехи дарахтони ороишиву сояафкан ва шинонидани гулҳои  гуногун, аз ҷумла ниҳолони мевадиҳанда, ҳамешасабз фаъолона иштирок карданд.  

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ намояндагони ҳизб вобаста ба Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуда, барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба сокинон изҳори миннатдорӣ   карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg