![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20200120_110815_0.jpg?itok=zGaw8OFg)
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, инчунин ҳалли як қатор масъалаҳое, ки барои шаффоф гузаронидани маъракаи сиёсии дарпешистода – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муҳим мебошанд, суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ вазифаи шаҳрвандии мо мебошад.