БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии “Каҷтут”-и Ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти мазкур баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, масъалаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар маҳал, муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ баррасӣ гардиданд.
Сипас, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҷиҳати татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, ба таври шаффофу демократӣ баргузор кардани маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, иштироки фаъолонаи сокинон дар интихобот сухан гуфта шуд.