БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЧӢ БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон орзую омоли халқи мо ифода ёфта,  ҳаёти мӯътадили ҷамъиятии моро таъмин менамояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ин ҳизби созанда ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар ҳаёти мардуми тоҷик нақши арзанда дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор дошта бошанд.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.

Бо шарофати саҳми сазовори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи муосир суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар давраи татбиқи барномаи қаблии фаъолияти он ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Даромаднокиҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 41 фоизи соли 2011 то 30 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.  

Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Ятимов Мумин,  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи                                             Фархор аз ҳисоби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg