БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ- ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни ибрози андеша қайд кард, ки Роҳбари давлат дар Паёми имсолаашон таъкид карданд, ки ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю  талош варзад.

ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg