БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИЛҲОМБАХШИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз”оид ба  таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ  доир гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва андешаронӣ карданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулин иброз доштанд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба  ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани  фаъолиятнокии  иқтисодии  аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Сипас, дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки  баҳри пешрафту шукуфоии Ватан равона карда шудааст, раҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg