БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ:МО БА МАСЪАЛАИ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ШУҒЛИ ХОНАГӢ ДИҚҚАТИ ЗАРУРӢ МЕДИҲЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аӽолӣ» вобаста ба тарғибу ташвиқи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тевзеҳи  нуктаҳои асосии Паёми имсола вохӯрӣ доир гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ оид ба муҳтавои   Паёми Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон,  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки Пешвои миллат дар суханрониҳояшон дар Паём иброз доштанд, ки “Мо ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳем.Ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 97 ихтисос, дар марказҳои таълими калонсолон аз рӯйи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯйи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg