
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шар-шар-2»-и ноҳияи Вахш вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ироа гардид, тамоми мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад, аз ҳарвақта дида бештар бояд баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмату меҳнат кунем.
Ҳамзамон, оид ба баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ карда шуд.