БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА МАЪРИФАТНОКИИ ҶАВОНОН ЭЪТИБОРИ МАХСУС ЗОҲИР МЕКУНАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонони шаҳр” оид ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 вохӯрии ҳизбӣ доир шуд. Зимни вохӯрӣ гуфта шуда, ки ҲХДТ ҳамеша ба маърифатнокии  ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ таъкид шудааст,  ки  “ҲХДТ талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода намояд. Бахусус, аз тадбирҳое истифода бояд кард, ки дастрасии ҷавонон ба технологияи нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осон сурат гирад ва имконпазир бошад”.

Инчунин, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии мазкур қайд кард, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Барои соҳибмаълумот, худшиносу худогоҳ шудани ҷавонону наврасон тамоми шароитҳои мавҷударо  муҳайё намуда истодаанд, то ин ки насли ояндасози ҷомеа босаводу ватандӯст ва ҳимоятгари ин меҳани аҷдодӣ ба воя расанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg