БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЧӢ БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Бисту панҷ сол қабл аз ин, дар замоне, ки кишвар дар вазъи хеле душвор қарор дошт, ҳизбе таъсис дода шуд, ки рисолати асосиаш ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар кишварамон- Тоҷикистон буд.

Ва имрӯз метавон гуфт, ки ҳизби мо аз иҷрои ин вазифаи таърихии дарпешгузоштааш сарбаландона  баромад ва ҳоло маҳз бо шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ  ва Ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст ва раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад.

Бинобар ин вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиамонро бо масъулияти баланд иҷро кунем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Ман аз шаҳрвандони кишвар, аъзои ҲХДТ ва онҳоеро, ки ҳар пораи хоки Ватан барояшон азизу муқаддас аст, даъват менамоям ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама барои бунёди давлати демократӣ, муқтадир, тавоно ва шукуфони Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошанд. 

Сафарова Моҳира,  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони                                        халқи ноҳияи Фархор аз ҳисоби ҲХДТ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg