БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ҚАРЗИ ИНСОНИИ ҲАР ЯК СОҲИБВАТАН АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии ҷангали Даштиҷум» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ  иштирок намуда, зимни баромад доир  ба  нуктаҳои муҳими Паём андешаронӣ карда,  гуфтанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои аз Паёми имсола бароянда ба манфиати мо шаҳрвандон буда, дар пешрафту шукуфоии Ватан ва  расидан ба зиндагии пурнишот  мусоидат менамояд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  моҳияти Барномаи пешазинтихоботӣ  ба дарки ҳамагон расонида шуда, байни кормандони ҳизбӣ ва иштирокдорон суолу муколамма сурат гирифт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg