Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар муассисаи таълимии №36 бо сокинони деҳаҳои Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Нишораки Ҷамоати деҳоти Лангардара вохӯрӣ баргузор намуданд.
Намояндагони ҳизбӣ зимни ибрози андеша дар бораи вазъи зуд тағйирёбандаву мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфта, қайд намуданд, ки дар марҳилаи гузаришу глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) давлатҳои қудратманди сайёра барои васеъ кардани ҳудуд ва манфиат дар харитаи сиёсии ҷаҳонӣ мавкеи давлатҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли рушдбударо танг намуда истодаанд. Дар ҷаҳони пурталотум агар давлат ва миллатҳо роҳи устувори гузаришро интихоб нанамояд, ҳатман мувоҷеҳи шикаст ва нобудӣ мегарданд. Аз як тараф абарқудратҳо ва аз ҷониби дигар гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ба ҳастӣ ва рушди давлатҳои муосир таъсиррасонанд. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ, муттаҳидӣ ва таҳамулпазирӣ метавонад моро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ҳифз ва нигаҳбон бошад. Қисмати интиҳоии вохӯрӣ бо саволу ҷавоби тарафайн анҷом ёфт.