БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲИДОЯТ МЕКУНАД БАРОИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии «Садоқат» -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони масъули ҳизбӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат  масъулин  суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  Пешвои миллат  дар Паёми имсолааш иброз доштанд,  ки «Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд». Ҳамчунин дар идома оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ истифодаи дурусти техникаву технологияи муосир,  шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, шавқу рағбати бештар доштан ба  китобу  китобхонӣ ва   саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонии Ватан ҳидоят намуданд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg