ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадноку самаранок дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии манзилию комуналӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок карда, қайд намуданд, ки масъалаи дегаре, ки Пешвои муаззами миллат ба он диққати махсус дод, ин масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як сокини мамлакат ва тақвияти мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа аст. Дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи ҷидди ба масъалаи эҳтироми зан-модар дода шуда, қайд карданд, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурeтаниву маърифатнокӣ, хоси зан буда ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.