БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУАРРИФИИ ФАРҲАНГӢ БУДАНИ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ВАТАНДӮСТ МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳу  тавзеҳи  Паёми  Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташкилоти  ибтидоии  “Бахши  фарҳанг”-и  ноҳияи  Носири  Хусрав  хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулин дар рафти суҳбат  зикр карданд, ки  таърихи  пурифтихори  халқи  тоҷик мактаби  бузурги  худшиносӣ  мебошад ва мо вазифадорем, ба он  арҷ гузорем,  саҳифаҳои  дурахшони қаҳрамониву  диловарии  гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун  асоси ғояи  ватандӯстиву садоқат ба  Ватан  ташвиқ  намоем.  Кормандони  соҳаи  фарҳанг ҳифзу  рушди  фарҳанги миллиро бо  дарназардошти  завқи  наслҳои  имурӯза  вазифаи  аввалиндараҷаи  худ  ҳисобида, дар  байни  мардум  бахусус  ҷавонон васеъ  ташвиқу  тарғиб  намоянд. Инчунин, бо ифтихзор цайд гардид, ки бо  мақсади  омӯзиши  амиқи таърихи пурифтихори  халқи  тоҷик  шоҳасари  Бобоҷон  Ғафуров   аз  ҳисоби  Фонди  Президент   чоп  ва  ба  ҳар  як  оилаи  кишвар   туҳфа  карда  мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg