БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ ТАБДИЛ ЁФТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  шарҳу  тавзеҳи   нуктаҳои  асосии  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ташкилоти  ибтидоии  “Роҳсози”–и ноҳияи  Носири  Хусрав  хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулин дар суҳбат қайд  намуданд,  ки  дар  Паёми  имсолаи худ Пешвои  миллат гуфтанд, ки  ҷиҳати  ба  кишвари  транзитӣ табдил  додани кишварамон  ва  осон  намудани  содироти  маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим  мебошад.

Дар  кишвари  мо  дар  соҳаи  нақлиёт 11 лоиҳаи  давлатии  сармоягузорӣ  ба  маблағи  умумии  8,5  миллиард сомонӣ  татбиқ  шуда  истодааст.  Ҳамчунин  дар паёмашон Пешвои миллат ба  Вазорати  нақлиёт супориш  доданд, ки  корҳои  таҳияи  лоиҳаи  таҷдиду  азнавсозии   роҳи  мошингарди  Бохтар-Носири  Хусравро  ҷоннок  намоянд  ин  шаҳодати  он  аст, ки  роҳи  аз  маркази  вилоят  то  ноҳияи  мо  низ  азнавсозӣ  мегардад. 

Иштирокдорон  кайд карданд, ки ба  истиқболи  30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар  шаҳру  деҳоти  кишвар  аз  ҳисоби   худи  сокинон, соҳибкорону  шахсони  саховатпеша  1450 км.  роҳҳои  сатҳи ҷумҳуриявию  маҳаллӣ  бунёду  таҷдид  гардиданд ва ин раванди нек идома дорад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg