ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чароғак (боғчаи №2)” ҷиҳати муаррифи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияви иштирок намуда, нухуст бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд дошт, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти мамлакатро шарҳ дода, иброз гардид, ки Паёми навбатӣ пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар як шаҳрванд аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он талош варзад.