ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситорача (боғчаи №4)” ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдори Паёми навбатии Пешвои миллат хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот масъулин бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.
Ҳамчунин, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти мамлакатро шарҳ дода, таъкид карданд, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобарин ҳар як шаҳрванд аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он тамоми талошҳоро амалӣ намояд.