ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нилуфар (боғчаи №3)” ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия баромад намуда, бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакатро мавсуф шарҳ дода, иброз дошт, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар як шаҳрванд аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалї намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳад.