ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ- самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025, номзадҳои ҲХДТ пешбаригардида ва Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар назди ҷамъомадагон дар бораи вазифаҳои аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароянда андешаронӣ карда шуда, ҳамагон ба корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ гардиданд. Дар вохӯрӣ ҳозирин ба ҳамаи пурсишҳои худ ҷавоби қаноатбахшкунанда гирифтанд.