ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Варзишгар» доир гардид.
Дар мулоқот мавсуф оид ба сиёсати ҷавонон ва варзиш баромад намуда, иброз доштанд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, Ҳукумати кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷаъмиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳама навъҳои он мусоидат менамояд. ҲХДТ талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон этибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот самаранок истифода намояд. Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат мавсуф аҳамияти омӯзиши амиқи шоҳасари “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуровро, ки аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда мешавад, маълумоти муфассал дод.