ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тавре ба ҳамагон маълум аст, 26 декабри соли 2019 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Ба ин хотир дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «СЭС» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохурӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ дар хусуси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва пешгирии ин амали даҳшатбор суханронӣ карда, қайд гардид, ки он ҷавононе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил шудаанд, бесаводӣ ва гумроҳии онҳоро нишон дода, шаҳодати аз тарбияи волидайн дур мондани онҳо мебошад. Роҳбари давлат низ дар Паёмаш тавваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас зоҳир намудааст, ки ин аз ҳар яки мо масъулияти баландро дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон талаб менамояд. Дар ҷамъомад раиси ташкилоти ибтидоии маркази санитарию эпидимологии ноҳия баромад намуда, зикр карданд, ки мо ҳамеша тарафдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари хирадманди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва дар гулгулшукуфоии диёри азизамон ҳамагӣ саҳм мегузорем.