БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «РОҲСОЗ» МОҲИЯТИ “СОЛИ ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”-РО ДАРК МЕКУНАНД

ПАНҶ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Ҷиҳати баррасӣ намудани самтҳои афзалиятноку асосии фаъолияти ҲХДТ ва фаҳмонда додани эълон шудани соли 2020  ҳамчун «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» барои соҳторҳои ҳизб дар вилоят дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз»-и ноҳияи Панҷ  хониши сиёсӣ доир гардид. 

Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ бо тариқи суҳбат сурат гирифта, дар он масъалаҳои мумбрами рӯз, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум дар амалӣ шудани ҳадафу мақсадҳо ва кору пайкори созандаи ҲХДТ  ва дар ҳамин васила  саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2019 барои ташкилотҳои ҳизбӣ соли 2019 «Соли шинохти бештари манфиатҳо миллӣ» эълон карда шуд. Дар ин замина  барои иҷрои ин мақсадҳо аз аъзои  ташкилоти ибтидоӣ масъулияти баланди шаҳрвандиро  тақозо менамояд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ миёни ҷавонон фикру андешаҳо шунида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg