ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар тамоми корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои давлатӣ бо омма корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муташаккилона ҷараён дорад.
Чунин як вохӯрӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо кормандони ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ” баргузор гардид.
Иштирокдорон қайд карданд, ки Паёми пурмуҳтавои имсолаи Пешвои миллатро метавон давоми мантиқӣ ва таҳкимбахши Паёмҳхои қаблӣ номид, чунки он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дарбар гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи некӯҳволии мардум нигаронида шудааст.
Дар ин ҷамъомад доир ба мавзӯҳои доғи рӯз, терроризму экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва хатарҳои он ба Истиқлолияти давлатӣ сухан рафта, зирак будани онҳоро оид ба ин масъала баён намуданд.