НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Боғи анор” вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ иброз доштанд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбутаи давлатӣ барои таҳия ва татбиқи ҳадафҳо дар самти ҳунаромӯзии шаҳрвандон дастури махсус доданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.