КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» ҷиҳати тарғиби Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои ташкилоти номбурда вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин қайд карданд, ки Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян карда, барои пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт. Ҳамчунин дар идома ҷамъомадагон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паём, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ шуданд.