КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” мулоқот доир гардид.
Мулоқот бо суханронии намояндагони ҳизбӣ оғоз гардида, қайд карда шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ аз фаъолияти солона натиҷагирӣ карда, барои соли оянда дастуру супоришҳоро барои ҳамаи табақаи ҷомеа муайяну мухашаххас намуданд.
Дар Паём хеле ба маврид зикр гардид, ки “Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд”.
Бо назардошти ин ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созанда, ки аз муҳтавои Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.
Ҳамзамон, иштирокчиёни мулоқот ба баромадкунанда оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ саволҳо дода, ба худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.