БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АСОСИИ ПАЁМ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак”-и ноҳияи Қубодиён  хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ  иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар баромад моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифтааст, суханронӣ карда шуда,  қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд. ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш тавонист дар аввалин муборизаҳо ва фаъолияти сиёсии худ барномаи густурдаи раҳоӣ аз буҳронро пешниҳод намояд.

Инчунин, дар идома аз нуктаҳои муҳими Паёми имсола  ёдоварӣ карда шуда, иброз гардид, ки амалӣ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда  вазифаи ҷонии ҳар узви ҳизб мебошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg