БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ РОҒУН ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории вохӯрии судманд бо иштироки аҳли заҳмати Шабакаҳоии барқии Ёвон дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ  бобати муаррифӣ ва баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” ҷамъомад баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ва нақши Ситоди пешазинтихоботӣ дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаронӣ намуда, ҳозиринро барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят намуданд.

Бо пешниҳоди намояндагони Кумитиа иҷроияи ноҳиявӣ ва роҳбарияти Маркази шабакаҳои барқии Ёвон  дар назди Марказ Ситоди пешазинтихоботӣ таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg