ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Шар-шар-1»-и ноҳияи Вахш вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Масъулин дар суҳбат оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, эълон гардидани соли 2020 барои сохторхои ҳизбии вилоят "Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”, интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ суханронӣ карда, таъкид карданд, ки иштироки фаъолонаи мо шаҳрвандон дар интихоботи дарпешистода муҳим буда, моро лозим аст бароипешрафту ободии Ватан ва зиндагии босаодат ба вакилони арзанда овоз диҳем.