БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Трансформатор» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, гуфтанд, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” қабул шуда, он тамоми паҳлуҳои фаъолияти давлату ҷомеаро дар бар мегирад. Бахши маориф ва илм яке аз бахшҳои муҳимтарини барнома ба ҳисоб рафта, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин соҳаҳо эътибори ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад.