БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ПАЙҒОМЕ АЗ РУШДУ ПЕШРАФТИ КИШВАР!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи эълон гаштани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, инчунин оид ба истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо ибрози андеша намуданд.

Дар охир суҳбати судманд аз ҷониби иштирокдорон якдилона пазируфта шуда, чанде аз онҳо  даъват  карданд, ки барои баланд бардоштани маърифати сокинон чунин вохӯриву мулоқотҳо бештар баргузор карда шаванд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg