Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат барои тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар роҳнамои корӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ироашуда ҳамаи мо масъулем.
Сипас, дар идомаи вохӯрӣ моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба дарки ҷамъомадагон расонида шуда, иштирокдорон барои татбиқи босамари ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят карда шуданд.