БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛАСАИ ДУЮМИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ БАРГУЗОР ШУД

Санаи 20-уми январи соли равон маҷлиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Инъикоси чорабиниҳои тарғиботии пешазинтихоботии ҲХДТ дар васоити ахбори омма, натиҷагирӣ аз фаъолияти ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва чанде аз масъалаҳои ҷорӣ мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷаласи Ситод  баррасӣ гардиданд.

     Раиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло маҷлисро оғоз бахшида,  сипас, ҷиҳати баррасии масаъалаи якуми рӯзномаи маҷлис котиби Ситод Шаҳбози Искандар баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла, қайд кард, ки ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ пурра дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таъсис ёфтаанд. Шурӯъ аз дуюми январи соли равон аъзои Ситод дар якҷоягӣ бо кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва бо аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ҳамарӯза, ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои ҲХДТ, ҳамчунин, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Перезиденти мамлакат суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Аз ҷумла, аз 2.01.2020 то 17.01.2020 ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят бо ҷалби кормандони корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ҲХДТ дар онҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дорад, 1045 суҳбату вохӯриҳоро доир намуда, аз нақшаву ҳадафҳои болозикр интихобкунандагонро огаҳ намуданд.

Раванди баргузории чорабиниҳои пешазинтихоботӣ аксбардорӣ ва наворбардорӣ шуда, пурра тариқи шабакаи фейсбук ва сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо се забон ва дар шакли видеоӣ, аудиоӣ ва ҳам дар шакли матнӣ нашр шуданд. Шакли видеоии ин чорабиниҳо  дар канали Ютуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза нашр  мешавад - иброз дошт котиби Ситод.

      Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, раисони ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар 25 шаҳру навоҳии вилоят бо навбат мухтассар аз фаъолияти худ ҳисобот доданд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, Ситоди марказӣ ва вилоятии ҲХДТ тамоми чораҳоро меандешанд.

     Раҳмонзода Абдулло дар баромади худ ба иштирокдорон аз ҷумла таъкид кард, ки бо мардум дуруст кор баранд. Дар шакле корро ба роҳ монем, ки барои гурӯҳҳои бегона ҷой намонад. Масъулияте, ки бар душ дорем бояд сарбаландона иҷро карда тавонем ва пеш аз ҳама  ба боварии мардум сазовор бошем. Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро миёни омма дуруст роҳандозӣ кунем. Нисбати корҳои ободонӣ ва дастгирии ниёзмандон афзалият диҳем.

    Ҳамзамон, дар идомаи маҷлис дигар масъалаҳои ҷорӣ низ мариди баррасӣ қарор гирифта, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва роҳбарони ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои як қатор дастуру супоишҳои муҳим вазифадор карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg