
ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешахзинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Темурмалик имрӯз вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Почта” баргузор гардид.
Зимни мулоқот, масъулин дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ибрози сухан намуда, таъкид карданд, ки Паёми имсола фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ буда, дар он масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон дар бораи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” аз 4 – уми декабри соли 2019, №1380 суханронӣ карда шуда, таъкид шуд, ки иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд дар маъаракаҳои муҳими сиёсӣ муҳим мебошад ва масъулияти баланди сиёсиро тақозо мекунад.