БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАҚДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ”-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешбарии номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар участкаи интихоботии №17-и ҷамаоти шаҳраки Қубодиён вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроия  ва дигар шахсони давъатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, баррасӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ, ки худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеа мебошад, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба танзим дарорад. Раванди маъракаҳои муҳими сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил медиҳад ва ба сифати ташкилоти сиёсӣ-ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg