ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Кишоварзони ноҳияи Ёвон соли 2019-ро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифта, баҳри ҳидоятҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат аз як замин то се ҳосил ба даст оварданд. Бо ҳамин мақсад дар давраи пешазинтихоботӣ бобати муаррифӣ ва баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Раёёсати кишоварзӣ”-и ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ва нақши Ситоди пешазинтихоботӣ дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалӣ андешаронӣ карда шуда, ҳозирин барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят гардиданд.