
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳофизи Шерозӣ” ва “Саъдӣ Шерозӣ»-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш бо иштироки намояндагони ҳизбӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти мулоқот масъулин атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ карда шуда, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд. Паёми Сарвари давлат аз ҷониби аъзои ташкилотҳои ибтидоии мазкур ҳамчун як раҳнамо хуб пазируфта шуд.