БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИШТИРОКИ МАРДУМРО ДАР ИДОРАИ ДАВЛАТ ТАЪМИН МЕНАМОЯД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Иншооти  обии шаҳр”-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд. Мақсад аз баргузории мулоқот  тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ миёни оммави васеъ мебошад. Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ баромад карда, таъкид доштанд, ки дар соли 2020 моро чорабиниҳои муҳими сиёсӣ интизор аст. Яке аз онҳо баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аст. Мо шаҳрвандонро лозим аст, ки дар ин чорабиниҳои муҳим иштироки фаъолона намуда,  барои муайян кардани ояндаи давлату миллат бетараф набошем. Зеро интихобот иштироки мардумро дар идораи давлат таъмин намуда,  нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд  будани  Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg