БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ХII ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Конференсияи ХII ҲХДТ дар ноҳияи мазкур ба кори худ идома бахшид.

Дар Конференся масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони  халқи вилоят ва ноҳиявии ҳизб баррасӣ гардида, бо овоздиҳии кушод номзадҳо   пешбарӣ гардиданд.

Дар идома узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейн Саидов дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар баргузории маъракаи сиёсӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаи  сиёсӣ аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад ва моро лозим аст дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат ширкат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg