БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ВУСЪАТБАХШИ СОҲАИ МАОРИФ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гимназияи №1»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ мулоқоти судманд  баргузор гардид. Дар суҳбат мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ ва Барнома пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карда шуда, зикр гардид, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Вобаста ба ин, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Пешвои миллат  эълон гардид ва ин пешниҳод аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Сипас, Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ба дарки ҳамагон расонида шуда, иштирокдорон аз вохӯрии судманд ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg