Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи эълон гаштани соли 2020 ҳамчун «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии “Гулобод”-и Ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин суҳбатро атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат оғоз бахшида, афзуданд, ки Паёми имсола воқеан аз Паёмҳои қаблӣ куллан бартарӣ дошта, дар он масъалаҳои муҳимтарине, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо зарур аст, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид.
Инчунин, дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ тарғибу ташвиқ карда шуда, таъкид шуд, ки замоне, ки ҲХДТ ба майдони сиёсат омад ва ҳамчун нерӯи сиёсӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ барномарезиро оғоз намуд, он вақт иқтисодиёти кишвар ба тамоми маъно вуҷуд надошт, хазинаи давлат пурра ғорат шуда буд ва он вақт танҳо сари ба вуҷуд овардани иқтисодиёти миллӣ гап мерафт. Ҳамон вақт баъзеҳо ба ислоҳоте, ки ҲХДТ дар барномаҳояш пешниҳод менамуд, хусусан ба деҳқон додани замин, барқарор кардани хоҷагии қишлоқ, рушди соҳибкории хурду миёна, паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ва ғайра бисёр боэҳтиёт ва ҳатто дудила муносибат мекарданд. Аммо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тамоми қишрҳои ҷомеаро ба муваффақона амалӣ шудани барномаҳояш дилпур сохта, барои анҷоми вазифаҳои дарпешгузошташуда муттаҳид намуд.