БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ЯК ВАТАН ДОРЕМ, КИ НОМАШ ТОҶИКИСТОН АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Ҳоҷидара бо сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми имсола, Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Мулоқот фарогири мавзӯҳои хурофотпарастӣ ва оқибатҳои хатаровари он ба ҳастии миллату давлат ва инчунин,  ғофиливу гумроҳӣ, фирефтагию асолатбохтагӣ, ки боиси дур  мондан аз саодату хушбахтии воқеъӣ ва оромиву осудагӣ мегардад,  буда, аз андешарониҳои судманд ҷамъомадагон ба худ таассуроти нек бардоштанд .

Намояндагони ҳизбӣ  зимни баромади хеш  дар бораи дунявият ва  сарчашмаи хурофоту  хурофотпарастӣ ва оқибатҳои он ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки хурофотпарастӣ аз бовариҳои ҷомеаи ибтидоӣ сарчашма гирифтаву  ба динҳо  омезиш ёфта, то замони мо бо оқибатҳои то ҳатто ба амалҳои террористиву ифротгароӣ расида ба рукнҳои давлату давлатдорӣ ва арзишҳои таърихӣ, динӣ, милливу фарҳангӣ хатари бузург эҷод хоҳанд кард.

Аз ин рӯ ҳар яки мо шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки пешорӯи таҳдиду хатарҳои раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ давлату миллат ва арзишҳои суннатии хешро ҳифз намуда, зери идеологияи устувору созанда муттаҳид бошем. Давлат, миллат ва арзишҳои бузурги миллиамонро дар зери сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беолоиш ва пок ҳифз намоему шиори ҳамешагии худ «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст» қарор дода, кору фаъолият намоем.

Инчунин, дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат ва барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ андешаронӣ карда шуда, сокинон ба созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg