А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Об рушноӣ»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни суханронӣ, масъулин қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони Истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои бузурге рӯ ба рӯ гашт.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатиаш ёдовар гашта, қайд намуданд, ки «Дар ин росто мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем». Зимни баргузории вохӯрӣ раиси ташкилоти номбурда зикр кард, ки корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бо мақсади паст намудани обҳои зеризаминӣ, омодагиҳо ба кишту кори баҳорӣ ҳашари умумӣ гузаронида, корҳо дар ин самт идома доранд.