А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварз» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.
Зимни мулоқот масъулин атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаашон Роҳбари давлат вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз соҳаи муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад, иброз доштанд, ки «Моро зарур аст, маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем». Ҳамчунин Сарвари давлат ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як порчаи замин ба ҳамватанонамон маслиҳатҳои муфид дода, қайд карданд, ки «Аз як қитъаи замин гирифтани на як - ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт ба ҳисоб меравад». Дар охири вохӯрӣ масъулин ба кормандони соҳаи кишоварзӣ таъкид карданд, ки Паёмро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакатамон саъю кӯшиш намоянд.