ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нурафзо”-и ноҳияи Ҷайҳун бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти чорабинии мазкур қайд гардид, ки воқеан Паёми навбатии Пешвои миллат инъикосгари дастоварду комёбиҳои миллат, идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, ки ҷомеаи моро ба ҳадафҳои бузург ва амалисозии орзуву ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва миллати ватандӯсту худогоҳ, хештаншиносу матинирода хоҳад расонд.