ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи бачагонаи Офтобак”-и ноҳияи Ҷайҳун бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар оғози сухан масъулин аз суханрониҳое, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ баён доштанд, ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки дар марҳилаи кунунӣ пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Сипас, дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сухан рафта, таъкид гардид, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум” фаъолият намуда, мақсаду мароми аслии ин ҳизбӣ созанда, пешрафту ободии кишвар ва зиндагии босаодати сокинон аст.