БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЛО БУРДАНИ САТҲИ МАЪРИФАТНОКИИ МАРДУМ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ ПОЧТА ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Почта”-и  тоҷики  ноҳияи   Носири  Хусрав  суҳбату  вохӯрӣ  оид ба  шарҳу  тавзеҳи   нуктаҳои   муҳими Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор  гардид.

 Масъулини  Кумитаи  иҷроия дар  баргузории  ҷаласа  иштирок  намуда, оид  ба  самтҳои  сиёсати  дохилию хориҷии  ҷумҳурӣ,  ки  дар  Паёми  навбатӣ   ироа  гардиданд, андешаронӣ карда, қайд  карданд, ки  дар  шароити  ҷаҳонишавӣ ва  рушди техналогияҳои  иттилоотӣ, ки  воридшавии  унсурҳои  бегонаро ба фарҳангӣ миллӣ осон гардонидааст, рӯ  овардан  ба  таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар  як  фарди миллат, хусусан насли наврасу  ҷавон зарур ва  ҳатмӣ  мебошад. Аз  ин  лиҳоз  кормандони Почтаи  тоҷик ва  телекоммуникатсияро  зарур  аст дар  самти  фаҳмонидани  моҳияти  равандҳои муосир, мубориза  бо  хурофоту иртиҷоипарастӣ ва  тақлид ба  расму ойинҳои бегона  миёни  ҷомеа корҳои  тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати  сиёсиву иҷтимоӣ  ва фарҳангии худро дар  назди  халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.  

Вобаста  ба   маъракаи  муҳими  сиёсӣ, интихобот  қайд  гардид, ки  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ фаъолияти  минбаъдаи  худро дар ин  маъракаи  муҳими  сиёсӣ вусъат  бахшида, барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ-ро  ҳамчун  барномаи  амал ба  роҳбарӣ  гирифта,  барои  устувории мавқеи  ҲХДТ дар  маъракаи  интихоботӣ  ва  номзадҳои  пешбаринамудаи он  ташвиқоту  тарғиботро  дар  ростои “Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ” ба роҳ монда,  ба боварии  халқ  сазовор гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg